Омори ҷадиди гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавирус дар Тоҷикистон

© Frank AugsteinЧеловек в перчатках держит защитную медицинскую маску
Человек в перчатках держит защитную медицинскую маску - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 18:00 дақиқаи 10 июн дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 763 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, то шоми 10  июн аз 4763 нафар гирифторони CОVID-19 дар мамлакат 2947 нафар ё худ 61,8% шифо ёфтанд.

Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гирифтории 1701 корманди тиб ба COVID‐19 ва даъват аз пизишкони Аврупою Русия

Вазорат таъкид кардааст, ки шумораи ҳолатҳои фавти гирифторони коронавирус дар мамлакат бетағйир боқӣ монда, 48 нафарро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод илова намуд, ки то  имрӯз дар мамлакат 1002 нафар зери назорати табибон қарор дошта, давоми шабонарӯзи гузашта 132 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ки барои пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз парлумони Тоҷикистон бо қабули тағйирот дар қонунгузории кишвар барои нақзи қоидаҳои беҳдошт, аз ҷумла напӯшидани ниқоб ҷаримаро ҷорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0