ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар доираи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани сокинон ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавируси нави COVID-19, имрӯз аз тарафи Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе бозорҳои "Корвон", "Корвон плюс", "Корвон ситӣ", марказҳои савдои гирду атрофи он, бозорҳои "Панҷшер", "Ганҷина" ва дар дигар нуқтаҳои гирду атрофи он корҳои санитарию безараргардонӣ роҳандозӣ гардид.
Тавре аз Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе ба АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд, дар рафти амалӣ кардани корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, нозирони санитарии бозорҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии корҳои безараргардониву профилактикӣ дар бозорҳои пойтахт ин тайёрӣ ба оғози фаъолияти онҳо аз рӯзи 15 июни соли 2020 мебошад, ки қарори он аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Маркази безараргардониву профилактикии шаҳри Душанбе корҳои санитарию дезинфексионӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, бозорҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ аз моҳи феврал инҷониб роҳандозӣ гардидааст.