Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сироятшинос: Тоҷикистон дар бардошти маҳдудиятҳои "ковидӣ" саросема шуд

© © Facebook / Викулов ГеоргийВикулов Георгий
Викулов Георгий - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мудири Маркази илмӣ - таҳлилии бемориҳои сироятӣ Георгий Викулов гуфт, қарори бардошти маҳдудиятҳои зидди паҳншавии COVID - 19 дар Тоҷикистон чӣ пайомаде дорад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Ягон кишвари дунё ҳоло аз авҷи бемории сироятии COVID - 19 нагузаштааст, гуфт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон мудири Маркази илмӣ - таҳлилии бемориҳои сироятӣ Георгий Викулов.

"То 1 июн теъдоди гирифторшавӣ ба коронавирус дар ҷаҳон аз шумораи шифоёфтагон бештар аст", - гуфт Викулов.

Ҳамчунин коршинос ёдрас шуд, ки COVID - 19 дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон дертар зуҳур кард. Ӯ Амрикои Лотиниро мисол оварда гуфт, ки дар он кишварҳо ҳамоно авҷи паҳншавии вирус паси сар нашудааст.

Председатель Душанбе Рустам Эмомали проводит процесс строительства ряда учебных заведений - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо раисони бозорҳо ва баҳси мавҷи дуюми коронавирус

"Тоҷикистон сар аз 15 июн маҳдудиятҳоро мебардорад...Ман фикр мекунам, ки ин қарор саросемавор қабул шудааст", - гуфт сироятшинос.

Коршинос қайд кард, ки муқоиса кардани вазъияти Русия ва Тоҷикистон бо дарназардошти гуногунии миқдор ва зичии аҳолӣ мушкил аст ва афзуд, ки Русия маҳдудиятҳоро марҳила ба марҳила мебардорад.

Викулов ҳамчунин аз эътирозҳо дар ИМА ёдоварӣ кард, ки пас аз он теъдоди гирифторони коронавирус ба маротиб афзуд.

Хушхабари сартабиби тоҷик аз коҳиши тасфу илтиҳоб дар гармӣ ва ҳушдораш аз бемориҳои дигар

"Ҳар гуна чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла варзишӣ ба сироятшавии нав оварда мерасонад", - афзуд коршинос.

Викулов ба масъалаи гармои шадид ва таъсири нурҳои офтоб ба паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон низ посух гуфт.

"Нурҳои ултрабунафш албатта кумак мекунад, вале ҳамаи мушкилро ҳал карда наметавонад, чун танҳо ба фаъолнокии вирус дар сатҳ таъсир мекунад", - нақл кард Викулов.

Вале дар сурати гирифтори COVID - 19 шудан, баръакс гармои шадид паси сар кардани маризиро сахттар мекунад.

Лентаи хабарҳо
0