ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Як манбаъ дар дар Шифохонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, маъруф ба "Инфексионний", воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, ки ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон пас аз ҳудуди 25 рӯзи табобат рухсат шудааст.
"Хушбахтона, он кас марҳилаи ҳассоси илтиҳоби шушро паси сар карда, шифо ёфтанд ва ду рӯзи қабл рухсат шуданд", - гуфт ин манбаъ.
Ин хабарро дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон низ тасдиқ карда, гуфтанд, ки "муаллима ҳоло дар рухсатӣ қарор доранд".
Мавлуда Сатторӣ Қаландарзода дар интихоботи парлумони соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14 – и вилояти Суғд вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуда, 10 феврали соли 2017 ба курсии раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон такя задааст.
Мавсуф сеюмин мансабдори баландмақоми Тоҷикистон аст, ки нимаҳои моҳи май бо маризии "пневмония" ё илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, ин маризиро паси сар кард.
Қабл аз ӯ Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон низ аз имтиҳони "илтиҳоби шуш" гузашта, рухсат шуда буданд.