ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Шамсулло Соҳибов соҳибкори ватанӣ ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон ба минтақаи Кӯлоб кумаки навбатии тиббӣ ирсол намуд.
Бар хабари котиботи раиси вилояти Хатлон, кумаки навбатии соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов таҳти шиори "Шифо ва ҳамдилӣ" ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дастрас гардид.
Гуфта мешавад, кумаки мазкур иборат аз маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон дар ҳузури роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба муассисаҳои тандурустии шаҳр дастрас карда шуданд.
Кумаки Шамсулло Соҳибов ба мардуми Хатлон: 25 боркаш бо лавозимоти тиббӣ
Дар ҳамин ҳол, мудири маркази тибби оилавии шаҳри Кӯлоб Амирхон Айниев иброз доштааст, ки бо кумаки Шамсулло Соҳибов дар 7 шӯъбаи алоҳидаи беморхонаи деҳоти "Зиракӣ"хатҳои нафасгирии оксигенӣ кашида шуд, ки қаблан чунин шароит дар ин беморхона мавҷуд набуд.
Ёдовар мешавем, ки Шамсулло Соҳибов қаблан корвони иборат аз 25 мошини борбар бо лавозимоти тиббиро ба вилояти Хатлон ирсол карда буд.