https://sputnik.tj/20200510/Kumaki-Shamsullo-Sohibov-ba-pizishkoni-shahri-Norak-dastras-shud--1031215007.html
Кумаки Шамсулло Соҳибов ба пизишкони шаҳри Норак дастрас шуд
Кумаки Шамсулло Соҳибов ба пизишкони шаҳри Норак дастрас шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муассисаи тандурустии шаҳри Норак бо доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои... 10.05.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-05-10T12:53+0500
2020-05-10T12:53+0500
2021-04-19T16:51+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103121/86/1031218691_0:77:1001:643_1920x0_80_0_0_4774ced73f7bcd6e767df4fb21933a89.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103121/86/1031218691_0:46:1001:674_1920x0_80_0_0_d6eac2ef53177168022cae60eed81430.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, маводи доруворӣ, муҳофизат, пизишкон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, маводи доруворӣ, муҳофизат, пизишкон
Кумаки Шамсулло Соҳибов ба пизишкони шаҳри Норак дастрас шуд
12:53 10.05.2020 (Навсозишуда: 16:51 19.04.2021) Муассисаи тандурустии шаҳри Норак бо доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра таъмин карда шуд
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Норак санаи 9 май дар Рӯзи Ғалаба бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов як мошини боркаш бо маводҳои дорӯворӣ, ҳамчунин айнаки тиббии муҳофизатӣ, дастпушакҳо, ниқобҳои тиббӣ рахти хоб зери шиори "Шифо ва ҳамдиллӣ" барои табобати беморон ба соҳаи тибби шаҳри Норак ройгон дастрас карда шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, иқдоми соҳибкор дар шароити паҳншудани коронавирус дар миқёси ҷумҳурӣ ва эҳтиёҷоти воқеии соҳаи тандурустии шаҳри Норак заруру саривақтӣ буда, ин кумакҳо ба ниёзмандон, беморон ва табибон сарф мешавад.
Дар ҳамин ҳол, раиси шахри Норак Неъматзода Маликшо Маҳмадшо барои ин кумаки саривақтӣ ба соҳибкор Шамсулло Соҳибов арзи сипос кардааст.
“Аз номи мақомоти шаҳри Норак ба соҳибкор Шамсулло Соҳибов миннатдорӣ баён мекунам, умедворам, ки дигар соҳибкорони кишвар низ ба чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстона, ки дар ин давру замон барои ҳар як бемору эҳтиёҷманд муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, пайравӣ мекунанд”, - таъкид доштааст Маликшо Неъиатзода.