Хушхабари сартабиби тоҷик аз коҳиши тасфу илтиҳоб дар гармӣ ва ҳушдораш аз бемориҳои дигар

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкКарантинный центр в Коммунарке
Карантинный центр в Коммунарке  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд, омори сабти бемории тасф ва “илтиҳоби шуш” дар ҳафт рӯзи моҳи тобистонро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд гуфт, бо фаро расидани рӯзҳои фасли тобистон, хуруҷи бемории табъ ва “илтиҳоби шуш” камтар шудааст.

Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Гаштугузори озод: Маҳдудиятҳои қарантинӣ фардо дар Маскав бардошта мешавад

Мирзонабӣ Мирзоҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд, ба Sputnik Тоҷикистон  гуфт, дар ҳафтаи аввали фасли тобистон 27 мавриди сабти “илтиҳоби шуш” дар миёни сокинони шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам назар ба рӯзҳои қаблӣ то 50 % поён шудааст.

"Давоми як ҳафта, яъне аз рӯзи 1 то 7 - уми июн дар умум ба сатансияҳои Маркази ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Хуҷанд 27 муроҷиати сокинон ба аломатҳои бемории "илтиҳоби шуш" ба қайд гирифта шудааст. Дар ин шумор занону мардон қариб, ки баробар буда, ҳамаи онҳо барои табобат ба беморхонаи клиникавии Суғд интиқол дода шудаанд", - гуфт Мирзоҳошимов.

Международный аэропорт имени Ататюрка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Туркия омодаи аз сар гирифтани парвозҳо самти Душанбе аст: Тоҷикистон ҳоло хомӯш

Бино ба иттилои сартабиб, давоми ҳафт рӯзи охир дар умум 600 сокин аз ду тарафи соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд бо аломатҳои мухталифи беморӣ аз ҷумла фишорбаландӣ, шамолхӯрдагӣ ва бемориҳои қанду қалбӣ барои расонидани ёри фаврии тиббӣ ба онҳо муроҷиат кардаанд. Аз ин шумор бештар ҳудуди 70 ҳолати нотобшавиҳо аз баландшавии табъ аст.

 Мирзонабӣ Мирзоҳошимов қаблан омори даъвати сокинон барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳафтаи охири баҳорро ба Sputnik Тоҷикистон шарҳ дода, аз сабти 120 ҳолати тасф ва 52 мавриди “илтиҳоби шуш” таъкид мекард.

 Бар пояи иттилоъи ироашуда, ҳоло гуфта мешавад, ки суръати сироятёбӣ ба "илтиҳоби шуш" назар ба моҳҳои фасли баҳор хеле поён рафтааст. Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд мегӯяд, гарм шудани ҳарорати ҳаво, ба нобудшавии як қатор бактерияҳои касалиангез аз ҷумла бемории “илтиҳоби шуш” таъсири амиқ мегузорад.

 Мирзоҳошимов барои пешгирии саломатӣ аз хуруҷи бемориҳои айёми тобистон ҳушдор намуд.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Файзов аз коҳиш ёфтани теъдоди дардмандони коронавирус дар Бадахшон гуфт

“Дар фасли тобистон аз ҳисоби аз меъёр зиёд истеъмол кардани меваю сабзавот, бемориҳои меъдаву рӯда дар байни сокинон бештар ба қайд гирифта мешаванд. Сокинон бояд меъёри истеъмол ва нигоҳдошти хӯрок дар фасли гармо қатъиян бояд риоя намуда, аз бемориҳои заҳролудшавӣ пешгирӣ намоянд”,-  гуфт сартабиб Мирзоҳошимов.

Бино ба иттилои сартабиб, Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд ҳоло аз 15 бригада ва беш аз 80 табибу ҳамшираву ронанда иборат буда, онҳо ба аҳолии наздик ба 185 ҳазор нафараи маркази вилояти Суғд ёрии тиббӣ мерасонанд.

Лентаи хабарҳо
0