https://sputnik.tj/20200608/Turkiya-omodai-az-sar-giriftani-parvozho-samti-Dushanbe-ast-Tojikiston-holo-khomush-1031379082.html
Туркия омодаи аз сар гирифтани парвозҳо самти Душанбе аст: Тоҷикистон ҳоло хомӯш
Туркия омодаи аз сар гирифтани парвозҳо самти Душанбе аст: Тоҷикистон ҳоло хомӯш
Sputnik Тоҷикистон
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд аз омодагии Туркия барои ҷоннок кардани парвозҳо хабардор ҳастанд, вале то ҳанӯз фармоиш нагирифтанд 08.06.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-06-08T16:25+0500
2020-06-08T16:25+0500
2021-04-19T16:40+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102055/70/1020557058_0:0:3177:1796_1920x0_80_0_0_2a5e8f608b183d23a74b89866c8e71ae.jpg
туркия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102055/70/1020557058_0:0:3177:1996_1920x0_80_0_0_e5ca277d9b8ac6fcec058064adc33421.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, туркия, душанбе
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, туркия, душанбе
Туркия омодаи аз сар гирифтани парвозҳо самти Душанбе аст: Тоҷикистон ҳоло хомӯш
16:25 08.06.2020 (Навсозишуда: 16:40 19.04.2021) Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд аз омодагии Туркия барои ҷоннок кардани парвозҳо хабардор ҳастанд, вале то ҳанӯз фармоиш нагирифтанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Тоҷикистон ҳоло ба омодагии Туркия бобати ҷорӣ намудани парвозҳо посух нагуфтаст. Ҳукумати Туркия бошад, сар аз моҳи июн парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвар барқарор намуд.
Миёни ин кишварҳо Тоҷикистон низ зикр шудааст.
Аммо агентии Ховар аз қавти котиботи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад, то ҳол барои барқарор кардани фаъолият, фармоише нагирифтанд.
Туркия санаи пешакии роҳандозии парвозҳоро бо Тоҷикистон эълон кард
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус дар ҷаҳон, равобити ҳавоӣ ва инчунин заминӣ миёни аксар кишварҳо кам ва ё комилан қатъ карда шуд.
Тоҷикистон низ ба мисли дигар кишварҳо, ба хотири пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID - 19 фаъолияти фурудгоҳҳоро мутаваққиф кард.
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо ба хотири вуруд намудани тоҷикистониён, ки дар кишварҳои хориҷ дар замони пандемия дармонда буданд, фаъолият мекард.