ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Полковник Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки муовини аввали сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин шуд, ду донишгоҳу ду академияро хатм кардааст.
Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Аҳмадзода 54 сол дошта, соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 2001 Донишгоҳи давлатии тиҷорат, соли 2008 Академияи ВКД ва соли 2018 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Русияро хатм кардааст.
Солҳои 1989 - 1996 - аспиранту корманди илмӣ, солҳои 1996 – 2006 дар вазифаҳои гуногуни Саридораи полиси андози Тоҷикистон кор кардааст.
Сипас дар мақомҳои гуногуни Ожонси зидди фасод, аз ҷумла солҳои 2011 – 2014 сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар шаҳри Душанбе, солҳои 2014 – 2016 сардори Раёсати Агентии зидди коррупсия дар вилояти Суғд, солҳои 2016 – 2019 сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2019 - 2020 муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардаст. Аз 15 майи соли 2020 муовини якуми Директори Агентӣ мебошад.
Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, соҳибкоре, ки худро дар Кӯлоб оташ зад
Ҷамшед Саидшозода, ки то ҳол ноиби аввали сардори Ожонси зидди фасод буду бо фармони раисиҷумҳур ба мақоми муовини сардори Ожонс таъйин шуд, 28 феврали соли 1974 дар шаҳри Кӯлоб, таваллуд шудааст.
Тибқи иттилои Ожонси зидди фасод, Саидшозода соли 1996 факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, соли 2015 факултети ҳуқуқшиносии Донигоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ӯ корашро дар Таҷпромбонк оғоз карда, сипас дар мақомҳои гуногун дар Амонатбонк ва Ожонси зидди фасод фаъолият доштааст.
Тибқи ҳолнома, Саидшозода солҳои 2016-2019 сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, солҳои 2019 – 2020, муовини якуми директори Агентӣ ва аз моҳи майи соли 2020 муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мебошад.