Боздошти раиси шаҳри Кӯлоб аз сӯи Кумитаи амният

© Дафтари матбуотии ҳукумати ИстаравшанРаиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода
Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гаштааст

ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раиси шаҳри Кӯлоб имрӯз аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шудааст, хабар медиҳад “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ.

Родители просят не закрывать единственную русскую школу в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Ҳоҷӣ Зариф, ки худро дар Кӯлоб оташ зад

"Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Баҳром Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд",-афзудааст манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Хурсандалӣ ва Қурбонов Фирӯз нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри содир намудаанд.

"Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд",- мегӯяд манбаъ.

Таъйиноти кадрӣ дар Агентии зидди коррупсия: фармонҳои Президент

ГУфта мешавад, нисбат ба Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0