Пизишк: табобатшудаҳои коронавирус ҳам атрофиёнро сироят мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевЖенщина в защитной маске в городе Душанбе
Женщина в защитной маске в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пизишки рус Евгений Комаровский маслиҳат додааст, ки нафароне ки коронавирусро аз сар гузаронанд, бояд эҳтиёткор бошанд, зеро метавонанд дигаронро сироят кунанд

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Евгений Комаровский, номзади илмҳои тиб, пизишки кӯдакон мегӯяд агар гирифторони коронавирус сиҳат шаванд ҳам, метавонанд атрофиёнро сироят кунанд.

Ба гуфтаи духтур, онҳо бояд эҳтиёткор бошанд, бисёр нагарданд ва ҳамаро бо даст нақапанд.

Карантинный центр в Коммунарке  - Sputnik Тоҷикистон
Сабаби ғайриинтизори гирифторӣ ба коронавирус маълум шуд
Пизишк таъкид мекунад, ки барои аз КОВИД-19 шифоёфтагон ҳам, риояи қоидаҳои беҳдошт ҳатмист.

"Шумо агар ин бемориро аз сар гузаронидаву боз дастаки дарро қапеду вирус ба шумо часпад, бо салом кардан, ба нафари дигар интиқол медиҳанд. Лутфан эҳтиёткор бошед, масофаро нигоҳ доред ва дастатонро зуд-зуд шӯед", - навиштааст вай дар Инстаграм.

Бино бар омори 7 июн, дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 130 529 нафар зиёд шуда, ба 6 852 818 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 352 ҳазору 66 кас шифо ёфтаанд ва 398 ҳазору 282 тан вафот кардаанд.

"Роспотребнадзор": мавҷи дуюми коронавирус ва зуком дар тирамоҳ шадидтар мешавад

 

Тоҷикистон нахуст аз гирифтории 15 сокини кишвар ба коронавирус 30 апрел хабар дод. Феълан ин шумора ба 4453 нафар расидааст. Ҳолати фавт 48 нафар ва шифоёбӣ 2583 кас гуфта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0