ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Тарс метавонад боиси гирифтории инсон ба коронавируси навъи COVID - 19 шавад, гуфт сардухтури беморхонаи рақами 71-и Маскав Александр Мясников дар суҳбат бо шабакаи "Россия 1".
Бино ба гуфти сардухтур тарс ва стресс боиси паст шудани масъунияти (иммунитет) одам мешавад.
Пизишк гуфт, дар паи гузаронидани санҷиш бо мушҳо ӯ ба чунин хулоса омадааст. Таҳлил нишон додааст, ки мушҳои тарсу зуд-зуд бемор мешуданд ва табобаташон ба дарозо мекашид, дар қиёс бо мушҳое, ки нисбатан ором буданд.
"Стресс гармонҳоро сарфа мекунад...ва дигар қувва барои нигоҳ доштани масъуният намемонад. Ман чун пизишк мегӯям, вақте инсон метарсад ӯ бештар бемор мешавад ва дертар шифо меёбад", - шарҳ дод Мясников.
Коршинос ҳамчунин аз мардум даъват кард, ки ба маълумоти бардурӯғ ва носанҷида бовар накунанд.
Ҳамагирии коронавирус
Авохири соли 2019 дар Вуҳани Чин бемории ҷадид коронавируси навъи COVID-19 зуҳур кард. Ба далели паҳншавии густурдаи ин вабои аср Созмони ҷаҳонии беҳдошт миёнаҳои моҳи март ин маризиро ҳамагирӣ эълон кард.
Бар пояи омори кунунӣ то 7 июн дар ҷаҳон наздики 7 миллион кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 400 ҳазор кас дар паи ин беморӣ ҷон аз даст дод.
Дар Русия ин беморӣ дар бадани 458,6 ҳазор кас сабт гардида, 5,7 ҳазор кас қурбони он шуданд.
Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд
Дар Тоҷикистон то 6 июн 4453 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 2583 (58%) нафар шифо ёфтаанд.