Дастури раисҷумҳур: номгузории хиёбоне дар шаҳри Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМуҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе
Муҷассамаи мусаввир ва наққоши тоҷик Камолиддин Беҳзод дар боғи Куруши Кабири шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастури раисҷумҳури Ӯзбекистон яке аз хиёбонҳои шаҳри Тошканд ба номи Камолиддин Беҳзод номгузорӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дастур дод то бурсияи (стипендия) таҳсилӣ ва ҷоизае ба номи Камолиддин Беҳзод ба шахсони фарҳангӣ ва илмии кишвар эъто шавад, иттилоъ додааст АКИпресс.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ мешавад

Ҳамчунин раисҷумҳури Ӯзбекистон дастури номгузории хиёбоне дар Тошканд ба номи Камолддин Беҳзодро содир кард.

Бар асоси ин фармони раисҷумҳури Ӯзбекистон имсол маросими пансаду шасту  панҷумин солгарди зодрӯзи Беҳзод баргузор мешавад.

Тибқи сомонаи Википедия Камолиддин Беҳзод, бузургтарин мусаввир, наққош ва минётурнигори тоҷик, ки дар Шарқ бо номи ифтихории “Монии Сонӣ”  ва дар Ғарб бо номи “Рафаэли Шарқ” шӯҳрат дорад. Муосиронаш ӯро  “қоиди мусаввирон”, “ягонаи  замона”  ва “нодири даврон” ном бурдаанд.

Камолиддини Беҳзод тақрибан соли 1455 дар Ҳирот ба дунё омадааст. Аз хурдӣ аз падар ятим монда, таҳти сарпарастии китобдори китобхонаи шоҳии Ҳирот – Амир Руҳуллоҳ Мирак тарбия ёфта, маҳорати   худро такмил медиҳад ва охири солҳои 70 асри 15 дар китобхонаи султон Ҳусайни Бойқаро мустақилона ба ороиши китоб ва мусаввирӣ машғул мешавад. 

Лентаи хабарҳо
0