Дар соли 2021 шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Тошканд моҳи июни соли 2020 баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ, ки рӯзномаи он 16 масъаларо дар бар мегирад, дар назар аст, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ

ДУШАНБЕ, 12 май – Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷаласаи мазкур чорабиниҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи асосии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2021–2025 баррасӣ мешавад.

Монитор багажного сканера (интроскоп) в зоне таможенного контроля  - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши роҳбарони мақомоти гумруки ИДМ дар Душанбе

Инчунин дар ин ҷаласа масоили баргузории чорабиниҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ дар 75-солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва иштироки давлатҳои Иттиҳод дар Намоишгоҳи байналмилалии “ART EXPO”-и кишварҳои узви ИДМ дар соли 2020 дар Беларус ва дар бораи макони баргузории он дар соли 2022 баррасӣ мешавад.

Инчунин аъзои Шӯро, вазирони фарҳанги кишварҳои ИДМ татбиқи барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” дар соли 2020 дар Қазоқистон ва омодагӣ ба татбиқи онро дар соли 2021 дар Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) муҳокима мекунанд.

Баррасии масъалаи раёсат дар Шӯро, ки тибқи Низомнома дар бораи Шӯро аз Беларус ба Қазоқистон мегузарад, пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0