Тайи 4 моҳ: чанд нафар аз тести "вируси корона" гузашт?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПробирка с тестом на коронавирус в руках
Пробирка с тестом на коронавирус в руках  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз оғози маъракаи ҷилавгирии густариши “вируси корона” беш аз 21 ҳазор санҷиш ё тест гузарондааст

ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Самариддин Алиев, директори Институти илмӣ – таҳқиқотии тиби профилактикии Тоҷикистон, муассисаи давлатии тобеъи вазорат, ки раванди гузаронидани тест ё санҷишҳои “вируси корона” – ро назорат мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин теъдод озмоиш аз моҳи феврал то рӯзҳои аввали июн анҷом шудаанд.

Медицинский работник держит в руках пробирку с биоматериалом - Sputnik Тоҷикистон
Бидуни фавт: омори тозаи гирифторони COVID - 19 дар Тоҷикистон
“Мо аввалин тестҳо ё васоили санҷиши “вируси корона” ё COVID-19 – ро ҳоро ҳанӯз моҳи феврал ба даст оварда будем. Аз ҳамон замон то ба ҳол 21 ҳазор нафар аз тест гузаронида шудаанд, ки натиҷаҳояш ҳамарӯза расман аз сӯи вазорати мо нашр мешавад”, - гуфт Самариддин Алиев.

Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” – ро 30 апрел эълон кард.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то 5 июни соли равон дар Тоҷикистон 4370 гирифтори “вируси корона” ё COVID-19 ошкор шуда, аз ин теъдод 2491 (57%) мариз шифо ёфтаанд ва 48 нафар низ фавтидаанд.

Тоҷикистон аввалин 2 ҳазор тест ё васоили ошкоркунии “вируси корона” – ро 4 феврали соли равон аз Хадамоти назорати истеъмолии Русия (Роспотребнадзор) таҳвил гирифта, баъдтар аз Олмону Чин низ онҳоро ба даст овард ва ҳоло беш аз 100 ҳазори онро дар ихтиёр дорад.

Пробирка с тестом на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
Нури лазерӣ: Ғуломов дар бораи усули нави табобати COVID - 19, ки дар худ санҷидааст

Дар оғози буҳрони “вируси корона” дар Тоҷикистон танҳо дар шаҳри Душанбе имкони гузаштан аз тести “вируси корона” вуҷуд дошт.

Самариддин Алиев мегӯяд, айни замон дар кишвар 8 озмоишгоҳи махсуси ташхиси “вируси корона”, аз ҷумла 5 боб дар Душанбе ва якбобӣ дар Кӯлобу Бохтар ва Хуҷанд фаъол шудаанд.

“Ин марказҳо дар заминаи озмоишгоҳҳои вирусологии собиқ ва бидуни кӯмаки хориҷӣ дар як муддати кӯтоҳ фаъол шудаанд. Таҷҳизи онҳо бо бо технологияҳои зарурии муосир пурра бо сармоягузории ҳукумати Тоҷикистон анҷом шудааст. 25 мутахассис барои кор дар ин марокиз эъзом шудаанд, ки курсҳои махсусро дар вазорат гузаштаанд”, - гуфт директори Институти илмӣ – таҳқиқотии тиби профилактикии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гузаштан аз тест ё озмоиши “вируси корона” дар Тоҷикистон ройгон мебошад.

Лентаи хабарҳо
0