ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд дар баробари ба роҳ мондани корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди шаҳр тариқи нақлиёти махсуси хизматӣ ва дастгоҳҳои безараргардонӣ, инчунин Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ба аҳолӣ маҳлули хлорро ройгон дастрас менамояд.
Дар ин бора шаҳрдории Бӯстон гузориш медиҳад.
Дар ҳудуди шаҳр, кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозору марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу муассисаҳо ва манзилҳои аҳолӣ ҳамарӯза ҷиҳати безараргардонӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз охирҳои моҳи апрели соли 2020, ба зиёда аз 780 нафар сокинони шаҳри Бӯстон, ки хоҳиши шахсан дар манзилҳояшон гузаронидани корҳои безараргардонӣ доранд ва ё тариқи пешниҳоди раисони маҳаллаҳо беш аз 11 тоннаву 700 литр маҳлули хлор дастрас карда шуд.
Тибқи иттилои директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Бӯстон Зайнулло Тешаев, дар Марказ захираи кофии маҳлулҳои безараргардонӣ мавҷуд аст.
Сокинон бемамониат имкон доранд ройгон маҳлули хлор дастрас намоянд.