ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Корхонаҳои итсеҳсолии Тоҷикистон вобаста ба вазъи баамаломадаи пандемияи COVID-19 беш аз 200 ҳазор кг моеъҳои шӯянда, 150 ҳазор литр маҳлули антисептикӣ, 105 тонна собуни мушкин, 55 тонна хлор ва 60 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намудаанд.
Дар корхонаҳои "Сатурн-1", "Баҳор Косметик Групп", "Покофар" -и Душанбе, "Мирзошехова" -ноҳияи Б. Ғафуров, "Давои Сино" -и шаҳри Хуҷанд, "Фарм Суғд" -и шаҳри Бӯстон ва "Тоҷикхимпром" -и ноҳияи Ёвон истеҳсоли моеъҳои шӯянда, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни мушкин, хокаи хлор ва гипохлориди натрий ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии "COVID-19" тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.
Ваҳму воҳимаи мардум асос надорад: олими тоҷик роҳи табобати коронавирусро гуфт
Корхонаҳои саноатӣ дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи безараргардонӣ саҳм гузоранд.