ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Давоми ду ҳафта аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардид, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ду ҳафта боз ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом, Ҷ.Расулов, Зафаробод оғоз гардида, то 5 июн зиёда аз 80 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар чаҳордаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд картошка парвариш карда шуда, майдони бештари кишт дар ноҳияҳои Деваштич, Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон ҷойгир мебошад.
Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст
Соли равон масоҳати кишти картошка дар вилоят ду маротиба афзун гардида, он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3 ҳазору 462 гектарро ташкил медиҳад.