Вазорати кишоварзӣ гуфт, бо Фонди Оқохон беш аз 500 тонна тухми картошка ворид кард

CC0 / Pixabay / Картофель
Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Фонди Оқохон ба ҷумҳурӣ беш аз 500 тонна тухми картошка ворид кардааст

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати кишовардзӣ бо мақсади таъмини хоҷагиҳо ин ниҳод ба воситаи Фонди Оқохон ба ҷумҳурӣ 509, 28 тонна тухми репрудуксионии навъи "Бигроза" ворид намудааст.

Картофель - Sputnik Тоҷикистон
Картошка 8 сомон шуд: сокинон мегӯянд, мақомот ба куҷо менигарад

Ба иттилои манбаъ,тухми картошкаи воридшударо ба хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118,780 тонна, Хатлон 75,50 тонна, ВМКБ 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намудааст.

Манбаъ мегӯяд,  ҳамзамон иловатан аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО ООН) 80 тонна картошкаи тухмии навъи "Ред скарлет" ворид гардида, 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт тақсим карда шуд.

“Ин тадбирҳои сари вақтӣ имконият фароҳам овард, ки ба ҳолати 13.05.2020с. дар ҷумҳурӣ 25088 га кишти картошка амалӣ шудааст, ки тибқи нақшаи дурнамо 63,9 % -ро ташкил медиҳад”,-афзудааст манбаъ.

Вазорати кишоварзӣ ба хоҷагидорони кишвар ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар порча замин саҳми арзандаи худро гузоранд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Ёдовар мешавем тайи чанд моҳи ахир, бинобар сабаби баста шудани марзҳо ва қатъ гаштани воридот нархи як кило картошка дар бозорҳои кишвар то 10 сомонӣ ва картошкаи навбошад то 15 сомонӣ боло рафт.

Ин ҳолат ҷанд замон баҳси гармеро дар миён овард ва аксар сокинон аз ниҳодҳо талаб карданд, ки пеши роҳи ба таври сунъи боло бурдани нархҳоро бигиранд. 

Дастури Раҳмон барои афзоиши майдони кишти картошка дар Тоҷикистон

Дар ҳоли ҳозир дар бозорҳои кишвар нархи ин маҳсулот каме коҳиш ёфта то ба 4 сомонӣ расидааст.

Лентаи хабарҳо
0