Вируси корона ба вазъи молии журналистони тоҷик таъсир кардааст

© Sputnik / Амир ИсаевНуриддин Каршибоев, архивное фото
Нуриддин Каршибоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) гуфт, вазъи буҳронии имрӯза натанҳо ба журналистон балки ба тамоми қишрҳои ҷомеъа таъсир расондааст

ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Нуруддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон иқдоми хубарнигорони қазоқ, ки дар пайи ҷаъмоварии кумак ба рӯзноманигорони тоҷик мебошандро як иқдоми ҳамраъӣ хонд ва гуфт, ки беҳтар мебуд маводи журналистони тоҷик дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя чоп мешуд во онҳо ба ҷои кумаки молӣ, ҳаққу заҳмат бигиранд.

“Маоши журналистони тоҷик нисбат ба ҳаққу заҳмати рӯзноманигорони қирғизу қазоқ хеле паст аст. Инро бояд эътироф кард. Ин тасмиме, ки аз ҷониби як гуруҳ журналистони қазоқ аз ҷумла Марат Содиков гирифта шудааст, як иқдоми дастгири ё ҳамрайъӣ  бо рӯзноманигорони тоҷик ба шумор меравад”, - гуфт ӯ.

Ҷаноби Қаршибоев илова кард, хуб мешуд барои журналистони тоҷик имконият медоданд то дар расонаҳои кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ намоянд.

Черный понедельник на валютных рынках - Sputnik Тоҷикистон
Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

“Масалан хабаргузориҳои кишварҳои ҳамсоя аз журналистони тоҷик мавод бигиранд ва дар расонаҳои худ чоп кунан ва барои онҳо ҳаққу заҳмат диҳанд” ,– қайд кард Нуруддин Қаршибоев.

СУТ аз хатари воридшавии коронавирус аз хориҷ ба Тоҷикистон гуфт

Ба қавли раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон вазъияти молиии журналистони тоҷик чандон бад нест, ки барои як бурида нон зор бошанд аммо онҳо ин иқдоми рзноманигорони қазоқро ҳамчун як иқдоми хайрия ва нишонаи ҳамраъӣ медонанд.

“Албата бархе аз рӯзноманигорони тоҷик инро қобили қабул намедонанд, аммо гурӯҳе ҳаст, ки ба ин кумакҳо эҳтиёҷманд бошанд. Ба ҳисоби миёна маоиши ҳар як рӯзноманигор  дар Тоҷикистон 100-120 долларро ташкил медиҳад. Вале дар ин миён, албата рӯзноманигороне ҳастанд, ки пули бештар мегиранд. Вале, аз ин кам шояд дар нашрияҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ  гиранд. Вале ҳамҳзамон бояд як чизро ба назар гирифт, ки аксари журналистон бо ду се расона ҳамкорӣ мекунан ва барои таъмини оилаашон аз дигар сарчашмаҳо низ истифода мекунанд”, зикр кард Нуруддин Қаршибоев.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон таъкид дошт, ки вазъияти буҳронӣ ба тамоми соҳаҳои рекламаву тиҷорат таъсир гузоштааст. Ҳозир дар расонаҳои ҷой додани реклама хеле коҳиш ёфтааст ва ин боиси паст гардидани вазъи молиявии расонаҳо шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук як гурӯҳ рӯзноманигорони Қазоқистон эълон карданд, ки бино бар буҳрони шидиди молиявии журналистони тоҷик барои онҳо кумаки молӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Ба қавли онҳо ҳудуди ин кумак бояд аз 15 доллари амрикоӣ кам набошад то онҳо тавонанд маводи ғиизоӣ бихаранд.

Лентаи хабарҳо
0