ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, иттилои расонаҳои Қирғизистон дар бораи тирпаронӣ аз ҷониби Тоҷикистонро шубҳаовар хонда, даст доштани атбои тоҷикро рад намуд.
“Чониби Тоҷикистон алоқамандии шаҳрвандони худро ба ҳодисаи мазкур комилан рад мекунад, зеро маҳалли рухдоди ҳодиса, ки хабарнигорони қирғиз номбар мекунанд, дар ҳудуди маҳалли зисти шаҳрвандони Қирғизистон ба амал омадааст ва дар ин нимашаб сокинони маҳалҳои наздисарҳадии Тоҷикистон хоб буданду истироҳат доштанд”, - изҳор дошт Илёсзода дар саҳифаи фейсбукияш.
Ӯ илова кард, ки теъдоди яроқҳои шикорӣ дар байни сокинони кишвари ҳамсоя зиёд аст, дар муқоиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумори шикорчиёнаш хеле кам буда, онҳо дар асл талаботи қонунҳои амалкунандаро қатъӣ ва ҷиддӣ риоя мекунанд.
Ба навиштаи Илёсзода, субҳи 2 июни соли 2020 расонаҳои Қирғизистон аз рӯйдоди гӯиё як ҳодисаи типарронӣ дар марз, дар маҳаллаи аҳолнишини Кӯк-Тоши ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳаммарз бо деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъи яктарафа ва шубҳаангезеро пахшу паҳн намуданд.
Бино ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, “шаби 1 ба 2 июни соли 2020 сокини қишлоқи Тогуз-Булаки ноҳияи Лаккон Б.Бостонбек, соли таваллудаш 1982, дар автомобили тамғаи “Хендай Портер» дар самти Ош-Исфана ҳаракат дошт ва тахминан соати 01:30 (бо вақти Бишкек) дар маҳаллаи Эки-Таши қисмати роҳи Ош—Баткен—Исфана шахсони номаълум ба сӯи оинаи пеши мошини ӯ, ба гумони ғолиб аз яроқи шикорӣ тир кушодаанд.
Баъд аз рухдоди ҳодиса дар шишаи оинаи пеши мошин сурохии 11 тирро ҳисоб кардаанд”.
Иқбол Илёсзода навиштааст, шубҳаовар он аст, ки вақте аз милтиқи шикорӣ 11 тир мекушоянд, аҳолии маҳалҳои наздисарҳадӣ дар хоб будаанд ва шоҳиде ҳам набудааст.