ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти беморони гирифтори маризии коронавирус ба Беморхонаи вилоятӣ рафт, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Ба иттилои манбаъ, Файзов аз вазъияти Беморхонаи вилоятӣ дидан намуда бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд.
"Маризон аз шароити беморхона аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқӣ шикоят намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш дод, дар кӯтоҳтарин муддат ин камбудиҳоро бартараф намоянд.
Ба изҳори беморон, табобат дар беморхонаи мазкур ройгон сурат мегирад ва аз лиҳози дастрасӣ ба маводи доруворӣ танқисӣ намекашанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл блогери маҳаллӣ Комчик Мирзоев бо нашри як навор аз дохили беморхонаи мазкур шароити тоқатфарсо ва аҳволи бади маризонро нишон дод.
Аммо пас аз пахши ин навор кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз блогер дархост намуданд, ки наворро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирад. Вале ба ҳар сурат корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай навори чандлаҳзаинаро байни гурӯҳҳои иттилоотӣ паҳн намуданд.
Пахши ин навор аз шароити бади Беморхонаи марказӣ сару садоҳои зиёдеро барангехт.