Гузориши Ҳакимзода аз омори шифоёфтагону пастшавии шиддати COVID-19 дар Хатлон

Обуна шудан
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфтааст, то ин вақт наздик ба чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, феълан ҳудудан 180 нафари дигар таҳти назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор доранд

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Раиси вилояти Хатлон гуфтааст, тибқи таҳлилҳои кормандони соҳаи тандурустӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон шиддати бемории сирояти нави коронавирус нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст гардида, вазъи бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шудааст.

“То ин вақт наздик ба чор ҳазор нафар бо бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои сироятӣ табобат гирифта, феълан ҳудудан 180 нафари дигар таҳти назорати табибони дармонгоҳҳои вилоят қарор доранд”,-гуфтааст Ҳакимзода.

Тибқи иттилои Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи раиси вилоят, Ҳакимзода ин нуктаро шоми, 1 июн, дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти коронавирус дар вилояти Хатлон изҳод доштааст.

Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

Ба гуфти Ҳакимзода, то ҳол ба суратҳисоби махсус, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 дар вилоят кушода шудааст, 1,1 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Раиси вилоят гуфтааст, дар маҷмӯъ зиёда аз 11 миллион сомонӣ барои татбиқи тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ихтисос дода шудааст, - қайд кард раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчуни дар ҷаласа ба масъулони Ситоди вилоятӣ ва раисони шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини шароити арзандаи корӣ барои табибони бемористонҳо, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру супоришҳо доданд.

Лентаи хабарҳо
0