Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

© из личного архива Кобилчона ГиёеваКобилчон Гиёев
Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
"Аҷали вируси корона”: Қобилҷон Гиёев куҷост? – мусоҳиба

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Кобилчон Гиёев - Sputnik Тоҷикистон
Ғайриинтизор: Қобилҷон Гиёевро аз вазифа барканор карданд

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0