ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт, дар 24 соати гузашта 2 ҳазору 819 бемори ҷадид ба қайд гирифа шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Ҷаҳонпур афзуд, аз байни мубталоёни ҷадид 547 нафар бистарӣ шуданд ва маҷмуъ беморони “ковид -19” дар Эрон ба 146 ҳазору 668 нафар расид.
Эрон худкифо шуд: тамоми ниёзҳои ин кишвар дар муқобила бо вируси корона таъмин аст
Ҳамунин Раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон қайд кард, ки дар 24 соати гузашта фавти 50 бемор сабт шудааст.
Мақомоти Эрон эълон доштанд, ки дар маҷмӯъ дар ин кишва аз вируси корона 7 ҳазору 677 ҷони худро аз даст додаанд.