Аз Ҷурабек Назрӣ то Мунира Ҳакимова: паёми дардноки сафири Эрон ба мардуми Тоҷикистон

© Посолство Ирана в Таджикистане Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ба даргузашти чанд нафар аз шахсиятҳои саршиноси ҷумҳурӣ изҳори ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёмаш қайд кардааст, ки ахиран чанд тан аз ҳунармандон ва шахсиятҳои барҷастаи илмӣ ва адабии тоҷик ба диёри боқӣ рахт барбастанд ва  ҷомеаи фарҳангии тоҷикро доғдор намуданд.

Поздравление посла Ирана по случаю дня Фирдоуси - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Эрон: бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст

Сафири Эрон таъкид доштааст, ки даргузашти Муҳаммадалии Аҷамӣ,  Баҳриддин Камолиддинов, Саидшоҳ Акрамов, Хайрӣ Назарова, Савринисо Сабзалиева, Мунира Ҳакимова, Абӯбакри Зубайдӣ, Хуршед Алидод, Абдуфаттоҳ Ҳотамов ва  ғайра барои фарҳанг ва ҷомеаи Тоҷикистон ва алоқамандони мероси гаронбаҳои порсӣ, дарднок мебошад.

Сафири Эрон: шеъри Саъдӣ оинадори сулҳ, ишқ ва дӯстӣ аст

“Ҳанӯз дар ғами аз даст додани ин азизон будем, ки хабардор шудам устоди арҷманд ва ҳунарманди саршиноси мардумӣ  ва раиси собиқи Шўъбаи осори хаттии пажўҳишгоҳи шарқшиносӣ Ҷӯрабек Назрӣ низ даъвати ҳақро лаббайк гуфтанд”, - зикр кард Собирӣ.

Вай ҳамчунин афзуд, ки ин ҳунарманд ва донишманди саршиноси  тоҷик  тамоми умрашро барои рушду тавсиаи ҳунар ва забону адаби муштараки порсӣ сипарӣ кард.

Посол Ирана в Таджикистане Мухаммадтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон
Аз равобит то мубориза бо коронавирус: табрикоти сафири Эрон ба муносибати Иди Наврӯз

Сафир таъкид кард, ки осор ва ёдгорҳои Ҷурабек Назрӣ дар ҳавзаи адабиёт ва санадпажӯҳӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрону Афғонистон низ бисёр шинохта шуда ва шахсияти ӯ мавриди эҳтироми тамоми аҳли фарҳанг мебошад.

“Зимни арзи тасалият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз  даргоҳи Худованди бузург барои он марҳум ва соири азизони аз даст рафта оромиши абадӣ ва ҷаннатмаконӣ ва барои бозмондагони муҳтарам сабру шикебоӣ орзу менамоем”, - гуфт  Муҳаммадтақӣ Собирӣ.

Дар ҳамин ҳол, сафири Эрон дар паёмаш ишора кардааст, ки Эрон ҳамвора дар канори давлат ва мардуми Тоҷикистон хоҳад буд ва ӯ боварӣ дорад, ки Тоҷикистон бо талоши нерӯи шарифи пизишкӣ ва бо ҳамгомӣ, ҳамбастагӣ ва имон ин вируси манҳуси каронаро шикаст дода ва бар он пирӯз хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0