ДУШАНБЕ, 29 май – Sputnik. Пизишкони рус бар ин назаранд, ки хатари сироятшавӣ ба коронавирус дер боз боқӣ мемонад. Аз ин рӯ риояи оддитарин қоидаҳои бехатарӣ шарт ва зарур аст.
Номзади илмҳои тиб Андрей Кондрахин дар мусоҳиба бо "Вечерний Маскав" изҳор дошт, ки бо сабук шудани маҳдудиятҳои қаблан ҷорӣ шуда, эҳтимол хатари сироятшавӣ ба ин маризӣ афзоиш ёбад.
Даргузашти Ҳоҷӣ Эҳсоншо, президенти “Ванҷ Фуд” аз коронавирус-акс
Ба тавсияи мутахассис, минбаъд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман бояд ниқоб ва дастпӯшӣ пӯшид, то аз авҷи дигарбораи ин маризӣ пешгирӣ кард.
Зимнан, Кондрахин мегӯяд бо кушода шудани дари театру кино муштариён бояд аз гирифтани нӯшокиҳо ва ҷуворипақак (попкорм) бо худ даст кашанд.
Ба гуфтаи вай, дар марказҳои "фитнес" бояд нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ ҳатман риоя гардад, ва пас аз ҳар як меҳмон таҷҳизоти машқӣ безарар гардонда шавад. Кондрахин ба варзишгарон пӯшидани дастпӯшакҳои пахтагинро маслиҳат медиҳад.
Гузашта аз ин, Кондрахин мағозаҳои ороиширо аз умдатарин макони сироятшавӣ ба коронавирус гуфт.
"Хатари асосӣ мағозаҳои атрфурӯшӣ мебошанд. Ҳангоми пошидани атр аз бӯйи он нафаскашии мо тезтар мешавад ва агар дар наздикӣ бемори COVID -19 қарор дошта бошад, эҳтимолияти сироятшавӣ аз ӯ ба таври назаррас меафзояд", - гуфт мутахассис.
Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ муштариёни кошонаҳои ҳусн бояд бо асбобҳои худ биёянд ва дар ҳеҷ сурат, ҳангоми қабули онҳо ниқобашонро накашанд.