Ҳалокати як ноболиғ ва ду ҷавон дар ду садамаи маргбор

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия / Гузариш ба медиабонкДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ду садамаи ахире, ки дар роҳҳои ҷумҳурӣ сурат гирифтааст, се шаҳрванди кишвар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 26-уми майи соли равон,  ронандаи худрави “БМВ-320” Холмуродов Қурбоналӣ, сокини ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди ноболиғ, Азизов Зулфиқор Тағоймуродович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнови ноҳияи мазкурро пахш кард.

Авария в Туркестанской области - Sputnik Тоҷикистон
Боз як садамаи маргбор дар Данғара: “БМВ” ба чуқурии 400-метра чаппа шуд

Баъд аз пахши пиёдагард худрав боз ба дарахти дар канори роҳ буда бархурдааст. 

ВУд қайд кардааст, ки дар натиҷа ноболиғ Азизов Зулфиқор ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, худи ронанда Холмуродов Қ. ҷароҳати бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳамзамон, санаи 27-уми майи соли равон, ронандаи худрави “Мерседеc-Бенс”, Абдуалимов Абумутолиб, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Айнӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии Халқҳо ба самти маҳаллаи Ховарон рӯ ба рӯи бинои истиқоматии №1 кӯчаи Зебуниссо аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори бетонии маркази роҳ бархӯрдааст.

“Дар натиҷа мусофирони ин худрав Алиев Абдураҳмон, соли таваллудаш 2001, Назаров Сунатулло, соли таваллудаш 2001, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, - қайд намудааааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ронандаи мошин Абдуалимов А.Б. ва як мусофири дигар Сидиқов Мавлавӣ, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз руи ин ҳодисаҳо таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0