ДУШАНБЕ, 20 май – Sputnik. Бино бар иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, садамаи маргбор санаи 19 майи соли равон дар 66-ум километр ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи худрави “БМВ” Ҳазратов Рамзиёр, соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе, дар 66-ум километр ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чукурии баландиаш 400-метр чаппа шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷа, худи ронанда Ҳазратов Рамзиёр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки мусофири худрави мазкур Сафаров Суҳроб, сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир, ҳодисаи мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи кишвар мавриди таҳқиқот қарор дорад.