Сафири Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро ба ҳамватанон ва мардуми ин кишвар ва ба ҳамаи мардумоне, ки ин ҷашнро гиромӣ медонанд, табрик гуфт.
Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар табрикоташ таъкид доштааст, ки Наврӯз ҷилва ва мазҳаре аз тафаккур, хирадварзӣ ва нав шудан аст ва бар мабнои ҳамин дарк будааст, ки тавонистааст дар тӯли таърих машъали фарҳанги сулҳ, мадоро ва дӯстиро равшан нигоҳ дорад.
Вай ҳамчунин орзӯ кард, ки ҳарчӣ зудтар коронавирус дар тамоми ҷаҳон решакан карда шавад.
“Аз Худованти мутаол дархост мекунам дар ин айём, ки вируси шуми кроно кишварҳои ҷаҳонро даргир намудааст, ҳарчӣ зудтар ин беморӣ решакан ва саломатӣ ва оромиш дар байни мардум барқарор шавад”, - таъкид дошт Собирӣ.
Сафир илова кард, Наврӯз барои ҳамаи мардуми дунё ба вежа барои ду кишвари ҳамфарҳангу ҳамзабони Эрону Тоҷикистон, саршор аз саломатӣ, комравоӣ ва беҳрӯзӣ буда ва рӯз ба рӯз шоҳиди густариш ва тавсеаи равобити ин ду кишвар дар тамоми арсаҳо бошем.