Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Ҳамдардӣ, ояи Қуръонӣ ва ёдоварӣ аз солҳои 90-ум: табрикоти Файзов ба муносибати иди Фитр

Обуна шудан
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бовар дорад, ки мардуми ҷангдидаи Тоҷикистон дар мубориза бар зидди бемории коронавирус низ ба хубӣ пирӯз мешавад

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди сайиди Фитр муборакбод гуфта онро аз ҷашнҳои муқаддаси исломӣ ва суннатыои писандидаи мардуми мусулмон хонд, ки сифатҳои олии ахлоқиву маънавӣ, суннатҳои таърихӣ ва урфу одатҳои мардуми пайрави дини мубини исломро таҷассум менамояд.

"Ман аз самими қалб шумоёнро ба муносибати ин рӯзи муборак аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ табрику таҳният мегӯям ва бароятон тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар ҳифзи хоку марзи муқаддаси Ватани азизамон комёбиҳо мехоҳам", - омадааст дар номаи табрикотӣ.

Файзов гуфт, имсол тамоми дунё, аз ҷумла мардуми тоҷик моҳи шарифи Рамазонро дар шароити паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус паси сар карданд. Мутобиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин беморӣ қариб 200 давлати ҷаҳонро фаро гирифта, беш аз 4 миллион нафар сокинони сайёра ба он гирифтор шуданд ва ҳазорон нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

Принц Карим Ага-хан IV, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Исмоилиёни Тоҷикистон 25-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд - навори таърихӣ

Раиси вилоят мегӯяд бо вуҷуди фаъолияти муассири Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии коронавирус, ин беморӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистни Бадахшон низ ба қайд гирифта шуд.

Файзов дар остонаи иди саиди Фитр ба ҳамаи онҳое, ки наздикону азизони худро аз даст доданд, ҳамдардии амиқ баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи Офаридгор сабри ҷамил хостааст.

Мақомоти ВМКБ овозаи гирифтории Ёдгор Файзов ба COVID - 19 - ро бепоя хонд

Ӯ мегӯяд, арзишҳои динӣ дар баробари арзишҳои олии инсонӣ дар даврони истиқлолият мақому манзалати баланд касб намуданд ва онҳо имрӯз ҳаёти ҷомеаро аз бисёр ҷиҳат танзим мекунанд. Ин арзишҳо ҳамчун сарчашмаи мусаффои ахлоқи ҳамида ва василаи таъсирбахши тарбияи инсони комил дар дарки худшиносии миллӣ ва дарки ҳуввияти инсонӣ хизмат мекунанд. Дар таърихи тамаддуни башарӣ дин ҳамчун муҳимтарин манбаи ахлоқ ва маънавиёт ба мардум хизмат кардааст.

"Мардуми мо дар тӯли даҳсолаҳо дар маҳрумиятҳои суннатӣ ва мазҳабӣ қарор дошта, имрӯз бо қабул шудани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар баробари дигар озодиҳо соҳиби озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ мебошад", - омадааст дар номаи Ёдгор Файзов.

Раиси ВМКБ гуфт моҳи Рамазон фазилатҳои зиёде дорад ва якеи он ин аст, ки шахси рӯзадор чун як муддат аз хӯрдани обу ғизо боз меистад, азобу ранҷи гуруснагиро эҳсос мекунад ва ҳолати онҳоеро, ки доим гурусна ҳастанд, пай мебарад ва водор ба хайру эҳсон ва садақа ба ниёзмандон мешавад.

"Худованд дар Каломи шариф фармудааст, ки: "Рӯза доред, то парҳезгор шавед. Яъне ҳадафи асосии рӯза ин такмили ахлоқ ва тарбия тавассути лаҷом задани нафс мебошад, зеро нафс боис ва сабабгори тамоми бадиҳост".

Иди саиди Фитрро ҷашн гирифта, бояд ба инобат гирифт, ки он иди эҳсон ва хайру саховат аст. Дар ин рӯзи бузург дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, раҳму шафқат ба дармондагон, ба ҷо овардани поси хотири гузаштагон, обод намудани кишвару диёр савоби зиёдтаре дорад.

Доиншҷӯён ҳангоми дарсомӯзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзаи донишҷӯёни тоҷик дар Маскав: тӯлонӣ, вале салқин

Исмоилиёни Тоҷикистон 25-умин солгарди Рӯзи дидорро ҷашн мегиранд - навори таърихӣ

Ёдгор Файзов изҳори хушнудӣ кардааст, ки солҳои охир бисёр шаҳрвандони соҳибҳимати мо тибқи суннатҳои инсонпарваронаи халқамон ба оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва хонаҳои кўдакону пиронсолон кумак мерасонанд ва дар ҷабҳаи ободониву созандагии шаҳру деҳоти кишварамаон низ саҳми арзанда мегузоранд. Чун сарфаю сариштакорӣ ғояи ислом ва баракати зиндагист, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд дастури ҳар як сокини вилоят бошад.

Раиси ВМКБ, дар хитоб ба мардуми Тоҷикистон мегӯяд, "ҳар яки мову шумо хуб дар ёд дорем, ки рӯзҳои сахту мушкили солҳои навадуми асри гузаштаро чӣ тавр аз сар гузарондем. Боварии комил дорам, ки мушкилоти имрӯзаро низ дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ бо истифода аз ақли солим ва мафкураи тоза, бо ғайрату заҳмати созанда ва нангу номуси миллӣ паси сар мекунем ва барои фарзандону набераҳоямон як мулки ободу зебо ба мерос мегузорем".

Лентаи хабарҳо
0