ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Коронавирусро метавон танҳо якҷоя пирӯз шуд, гуфтааст коршиноси рус, эпидемиологи рақами яки кишвар Николай Брико.
Ба гуфтаи Брико, танҳо дар ҳамон ҳолат паҳншавии коронавирус бозмеистад, ки ин иммунитет дар бадани 95 дар сади аҳолии кишвар пайдо шавад.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки танҳо ваксина қодир аст, ки ин иммунитет бидуни қурбонӣ пайдо шавад.
"Ҳангоми инфексияиҳои сироятие, ки ба воситаи ҳаво ва қатраҳо паҳн мешаванд, ягона роҳе, ки паҳншавии онро бозмедорад, эмкунии тамоми сокинон аст. Дар ҳамин ҳолат коронавирус наметавонад барои паҳншавӣ заминае пайдо кунад", - афзудааст Брико.
Вай таъкид кардааст, ки ҳадди ақал ҳангоми пайдо шудани иммунитет дар 60 ва 70 дар сади аҳолӣ паҳншавии коронавирус хело коҳиш меёбад.
Ба маълумоти 23 май дар Русия ҳудуди 336 ҳазор нафар мубталои коронавирус шуда, 3,3 ҳазор кас дар пайи он фавтиданд. Тақрибан 108 ҳазор нафар сиҳат ёфтанд.
Дар Тоҷикистон, ба ҳолати 23 май 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун 1223 нафар шифо ёфтаанд
Вазорати тандурустӣ теъдоди қурбониёни бемориро 44 нафар мегӯяд.