ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Тавре мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштаанд ин озмоишгоҳи виусологӣ дар рӯзҳои наздик ба фаъолияти худ оғоз хоҳад кард.
Ҳҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран зимни мулоқот бо табибону кормандони марказҳои саломатии рақамҳои 2, 4 ва 5 - и шаҳри Хуҷанд зикр намудааст, ки чанд рӯз қабл корвони ёрии моддии иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру ноҳияи вилоят тақсим шуд.
“Самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки дар шаҳр шумораи беморони коронавирус рӯз ба рӯз коҳиш ёфта истодааст. Мо бояд муборизаро алайҳи ин вабо дучанд карда, дар муддати кӯтоҳ онро аз байн барем ва ба ҳаёти осоишта баргардем. Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ дар тамоми марказҳои саломатии шаҳр шароитҳои лозима барои қабул ва хизматрасонӣ ба беморон муҳайё шудааст”, - афзуд раиси вилоят.
Ҳамзамон Аҳмадзода ба масъулон дастур додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат рӯйхати маризони камбизоат пешниҳод гардад, то онҳо бо дорувории ройгон таъмин шаванд.