ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. 22 майи соли 2020, соати 09:30 дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии Раёсати КДАМ амалиёти махсус барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон гузаронидаст.
Дар ин бора дафтари матбуотии КДАМ гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми амалиёт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда, сардори шӯъбаи ноҳиявӣ Чуянов Самариддинро захмӣ гардондаст.
Новобаста аз ин роҳбари шӯъбаи амниятии ноҳия тавонист амалиётро роҳбарӣ ва қочоқчии ашаддӣ, саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намояд, менависад дафтари матбуоти КДАМ.
Таъкид мешавад, ки Шароф Қобилов, ташкилкунанда ва иштирокчии асосии далели қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, рӯзи 1 майи соли равон дар мавзеи сарҳадии Баррӯшони ноҳияи Рӯшон мебошад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти дастгиркунӣ тавониста буд аз ҷои ҳодиса фирор кунад.
Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳияи Рӯшон дар беморхона бистарӣ гардид. Вазъи саломатиаш қаноатбахш арзёбӣ мегардад.
Раёсати КДАМ дар Вилояти Куҳистони Бадахшон бо қотеият изҳор медорад, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақа муборизаро ба муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, махсусан қочоқбарони маводи мухаддир, силоҳ ва муҳимот боз ҳам пурзӯр намуда, тамоми чораҳоро барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат амалӣ хоҳанд кард.