ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Раисиҷумҳур бо қарори дигар Иброҳимзода Нозимро муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъйин намуд.
Инчунин дар мувофиқа бо Президенти Тоҷикистон Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод - сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. То ҳол роҳбарии Раёсати умури дохилии ВМКБ-ро генерал Абдураҳмон Аламшозода ба уҳда дошт, ки ҳамзамон ноиби аввали вазири умури дохилӣ мебошад.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, инчунин Боймаҳмадзода Музаффар Қурбон - сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ва Умарзода Икром Ислом - сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.