Тибқи тавсияҳо, масофаи ҳадди аққали зарурӣ байни одамон барои бехатарӣ дар вақти COVID-19 1,5 метрро ташкил медиҳад.
Бо нақз намудани ин масофа, заррачаҳои хурди нафари сироятбуда метавонанд ба чашм, рӯи ва пӯсти шахси дигар ворид шаванд.
Феълан дар ҳама ҷо риояи қатъии фосилагирӣ талаб карда мешавад ва одамон худ саъй мекунанд то ҳам дар кӯча, ҳам дохили нақлиёт ва дорухонаҳо аз ҳамдигар ба масофаи 1,5 метр дуртар истанд.
Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт
Зимнан, мутаххасисони соҳаи тиб мегӯянд, ки чун алъон барои муборизаи қатъӣ бурдан бо ин вирус давое мавҷуд нест, аз ин рӯ риоя фосилагирӣ аз ягон роҳи пешгирӣ аз паҳншавии ин маризӣ гуфта мешавад.

1/9
© AFP 2023 / Pedro Pardo
Навбатпойии занони солхӯрда барои гирифтани кӯмак ва риоя намудани фосилагирӣ дар шаҳри Озумбаи Мексика

2/9
© AFP 2023 / Anwar Amro
Намози ҷумъа бо риояи меъёри фосилагирӣ дар масҷиди Муҳаммад - ал - Амин дар Безҳрут

Навбатпоии кормандони корхонаи Kawasaki Mitsubishi дар ошхона. Ҷопон

Устодону толибилмон пас аз танаффуси тӯлонӣ барои авҷи коронавирус дубора ба дабистон омаданд. Акнун онҳо таълимро бо риояи меъёри фосилагирӣ мегузаронанд

5/9
© AFP 2023 / Adem Altan
Ҳавохӯрии занони солхӯрдаи Туркия бо ниқоби тиббӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ

6/9
© AFP 2023 / Johannes Eisele
Дар Ню - Йорк низ тамошобинони парки Domino риоя намудани фосилаи иҷтимоиро фаромӯш намекунанд

7/9
© AP / Sylvain Cherkaoui
Навбатпоии намозгузорон дар масҷиди Сенегал

8/9
© AFP 2023 / Pool / Hannibal Hansche
Футболбозон дар толори варзишӣ меъёри фосилагириро риоя мекунанд

9/9
© AFP 2023 / Marco Bertorello
Одамон масофаи иҷтимоиро дар бозори хӯрокаи Порта Палаззо дар Турин, Италия нигоҳ медоранд
