ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Теъдоди тоҷикистониёне, ки феълан дар боздоштгоҳҳои муваққатии Русия қарор доранд, беш 400 нафарро ташкил медиҳанд, изҳор дошт Сатторов.
“Миёнашон занону солмандон низ астанд. Бархе аллакай то 6 моҳ дар боздоштгоҳанд. Ҳадафи мо ба таври муташаккилона ба Ватан баргардондани онҳо мебошад”, - таъкид кард сафир.
Ӯ тавзеҳ дод, ки муқаррароти риояи карантин зимни баргардондани шаҳрвандон риоя мешавад.
Сафир илова намуд, ки ҳеч монеае барои баргардондани шаҳрвандон аз ҷониби Русия ва Тоҷикистон нест ва изҳори умед кард, ки дар зудтарин фурсат марҳила ба марҳила амалӣ хоҳад шуд.
Ахиран аз шаҳри Маскав бо як ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия ба хотири қарантина банд монда буданд ба Ватан баргаштанд.
Бо ин парвози махсус шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ихроҷ шуда ва дар Марказҳои нигаҳдории муваққатии Русия қарор доштанд, ба Душанбе баргардонда шуданд. Ҳамчунин бо ин ҳавопаймо ҷасади чанд муҳоҷири тоҷик низ ба Ватан баргардонида шуд.