Маълум шуд, ки чанд нафар гирифторони коронаврус аз Данғара шифо ёфтаанд

© Sputnik / Амир ИсаевЖители города Душанбе в защитных масках на улице
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз замони пайдоиш ва эълони вуҷуди коронавирус дар кишвар то ҳол дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  133 нафар бо нишонаҳои ин беморӣ шифо ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Танҳо дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бо нишонаҳои ин беморӣ 182 нафар муолиҷа мешавад, хабар додааст, сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Мужчина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 2 фавт ва 205 гирифтори ҷадид

Ба иттилои манбаъ барои муолиҷа ва табобати беморон дар ин табобатгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам буда, табибон низ бо лавозимоти зарурӣ таъминанд.

Манбаъ мегӯяд, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани муолиҷаи беморон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ширкатҳои “Нахш”, “Сифат фарм” ва соҳибкори муваффақ Шамсулло Соҳибов доруворӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ ба беморхона ворид гардид ва ин иқдом идома дорад.

Бар пояи оморҳои ахир, то соати 17:00 –рӯзи гузашта – 18 май, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар ба 1729 нафар расида, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, 2 нафар афзуд ва ба 41 нафар расид.
Ба иттилои манбаъ, танҳо дар як шабонарӯз 205 мавриди ҷадид ба қайд гирифта шуд.

Омори як ҳафта дар Хуҷанд: тасфи баланду “илтиҳоби шуш” кам шудааст

Ҳамчунин гуфта мешавад, то санаи 18 майи соли равон дар мамлакат 4016 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 407 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0