Омори COVID-19 дар Тоҷикистон: 2 фавт ва 205 гирифтори ҷадид

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина в защитной маске
Мужчина в защитной маске - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи як шабонарӯзи ахир дар кишвар аз маризии "вируси корона" ё COVID-19 - 2 нафари дигар фавтида, 205 нафари дигар ибтило ёфтаанд

ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Дар иттилоияе, ки Маркази матбуоти Вазорат дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дод, то соати 17:00 – и имрӯз – 18 май, теъдоди гирифторони “вируси корона” дар кишвар ба 1729 нафар (205 мавриди ҷадид) расида, шумораи онҳое, ки аз ин маризӣ ҷон додаанд, 2 нафар афзуд ва ба 41 нафар расид.

"То имрӯз, 18 майи соли равон дар мамлакат 4016 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 407 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд", - омадааст дар хабар.

Дар иттилоия омадааст, ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

"Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст", - омадааст дар хабар.

Лентаи хабарҳо
0