Ҷашнҳои рӯзи 17 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 17 мая
День 17 мая - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳабдаҳуми май, Рӯзи умумиҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ буда, дар Нигерия Рӯзи конститутсия ва дар Куба Рӯзи ислоҳоти кишоварзӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 17 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2003 шабакаи радиои «Азия-Плюс» таҳти сарпарастии президенти ҷумҳурӣ маросими нахустини тақдими Ҷоизаҳо дар соҳаи мусиқии муосир – «Суруди сол-2003»-ро баргузор намуд.

Соли 2010  вуруди  ҳайатҳои  иҷлосияи  37 – уми  Шӯрои   вазирони  корҳои  хориҷии  давлатҳои   аъзои Созмони  конфронси  исломӣ ба  пойтахти  Тоҷикистон  — шаҳри Душанбе шурӯъ  шуд.

День16 мая - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 16 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Албания Илир Мета доир ба мавҷудияти имконоти фарохи ташкил ва густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникии ду кишвар гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Соли 2010 дар вохўрии Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо  Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Соли 2012 Парлумон ба Кодекси андози ҶТ тағйироту иловаи марбут ба бекор кардани ААИ аз хизматгузориҳои аэронавигатсиониро ворид кард.

Соли 2013 музокироти расмии сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Таиланд дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Йинглак Шинаватра сурат гирифт.

Соли 2015 роҳбари Кумитаи иҷроияи шарқии иқтисодиёти Олмон, профессор Райнер Линднер барои иштирок дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки 18 майи ҳамон сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омад.

Соли 2016 раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санк-Петербурги Русия сафар кард.

Соли 2017 Аъзои ҳукумати Тоҷикистонро ба пур кардани эъломия дар бораи даромадҳо уҳдадор карданд: вакилон ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон» тағйироту иловаҳо ворид намуданд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро имзо намуд.

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Ҷашнҳои рӯзи 17 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе

Ҷашнҳои рӯзи 17 май

  • Рӯзи умумиҷаҳонии алоқаи барқӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ.
  • Дар Нигерия Рӯзи конститутсия.
  • Дар Куба Рӯзи ислоҳоти кишоварзӣ.

Рӯзи 17 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1934 шоири ӯзбекзабони Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол.

Соли 1948 сарояндаи опера, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Низом Ҳамробоев.

Соли 1964 нависанда ва драматург Тоҳири Муҳаммадризо.

Соли 1973 журналист Хуршед Андамов.

Лентаи хабарҳо
0