ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Мақомоти ВМКБ зикр кардаанд, ки суратҳисоби бонкӣ бо ҳадафи мубориза бо Covid -19 ташкил шуда, шахсони саховатпеша, сокинони касбу кори гуногун аз шаҳру навоҳии вилоят ба он маблағ мегузаронанд.
Манбаъ афзудааст, ки ахиран аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 20 ҳазору 877 сомонӣ ва кормандони Сарраёсати молияи вилоят 6 ҳазору 468 сомонӣ ба суратҳисоби мазкур гузаронида шуд.
“Ҳамчунин, директори Маркази чумҳуриявии омӯзишии “Логос” Ҷумъа Булбулов маблағи 1000 сомонӣ, Ташкилоти ҷамъиятии “Сано” 1000 сомонӣ ва сокини маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ шаҳрванд Саидаҳмад маблағи 300 сомониро ба суратҳисоби бонкии пешгирӣ ва мубориза бо касалии сирояти коронавирус ирсол намуданд”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки сарфи маблағҳои ҷамъгардида таҳти назорати бевоситаи раиси ВМКБ, Ёдгор Файзов қарор дошта, маълумот пайваста тариқи васоити ахбори оммаи расмӣ ба аҳолӣ расонида мешавад.
Мақомоти ВМКБмегӯянд, воридшавии маблағ ба суратҳисоби мазкур идома дошта, шаҳодат аз он медиҳад, ки сокинони вилоят дар самти мубориза бо ин беморӣ, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, бетараф нестанд.