ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Хуруҷи маризии сироятии коронавирус анқариб тамоми ҷаҳонро домангир шуд ва боиси он шуд, ки қисми зиёди сайёра хонанишин шаванд.
Қаблан хабар дода шуд, ки сарҳадҳои аврупоӣ барои хориҷиён аз аввоили тобистон боз мешаванд.
Ҳоло ҳукумати Италия, пас аз сар гузарондани мушкилтарин давра ҳангоми мубориза бо коронавирус, аз боз шудани сарҳадот хабар медиҳад.
Коронавирус ба кишварҳои Қафқоз ҳам расид: маризӣ аз Эрону Италия вуруд шуд
Интизор меравад, бекор шудани маҳдудияти ҳаракат дар байни минтақаҳо ва инчунин иҷозати вуруд ва баромад аз 3 - юми июн шурӯъ шавад.
Мақомоти Италия аз миёнаҳои моҳи март рафту омад дар байни минтақаҳоро ба таври назаррас маҳдуд намуданд. Сафарҳо танҳо дар ҳолати зарурати корӣ, бо сабаби вазъи саломатӣ ва ҳолатҳои фавқулода имконпазир буданд.
Акнун , сар аз 18 май ҳама гуна маҳдудият барои рафтуомади одамон дар минтақаҳо бардошта мешавад. Зимнан, қайд мегардад, ки дар сурати бад шудани вазъи эпидемиологӣ, ин тадбирҳо метавонанд дубора ҷорӣ шаванд.