ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Бино бар иттилои мақомоти вилояти Хатлон, то имрӯз аз беморхонаи марказии ноҳияи Данғара беш аз 90 нафар беморон пас аз табобати комил ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
“Аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории нави COVID-19 дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара шароити мусоид барои ба табобат фаро гирифтани нафарони сироятёфта муҳайё буда, табибон бо фаъолияти шабонарузӣ тавонистанд аллакай як гурӯҳ шаҳрвандонеро, ки бо нишонаҳои ҳамин беморӣ бистарӣ шуда буданд, муолиҷа намоянд. Нахустин гурӯҳ бо шумораи 17 нафар баъди гирифтани табобати 14-рӯза ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонида шуданд”, таъкид доштааст манбаъ.
Баъди дармон ёфтану ба ҳаёти муқаррарӣ гусел намудани нафарони бистаригардида, ҳамзамон ба онҳо тавсия медиҳанд, ки гигиенаи шахсӣ ва қоидаҳои беҳдоштиро ҳатман риоя намоянд.
Ҳамзамон мақомоти вилояти Хатлон зикр кардааст, ки аз ҷониби шахсони саховатпеша ба 54 нафар кормандони беморхона якхалтаӣ орд, равғану биринҷ, шакар ва сабзавоту полезӣ кумак карда шуд.
Ҳамчунин барои муолиҷаи беморон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ, МИҲД-и ноҳия ширкатҳои “НАХШ”, “Сифат-фарм” ва соҳибкор Шамсулло Соҳибов маводи доруворӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ ба беморхона ворид гардида, ин иқдом аз ҷониби шахсони саховатпеша идома дорад.