ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 дар Суғд дар назди хонаҳои баландошёнаи шаҳрҳои саноатӣ барои дастрасӣ ёфтани сокинон ба меваҳои тару тоза ва сабзавот Гӯшаҳои деҳқон ташкил карда шуд.
Ин иқдом бо ташабуси ҳукумати вилояти Суғд ва раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт, менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.
"Ин тадбир барои пешгири ва риоя намудани меъёрҳои фосилави паҳншавии бемори бе зарурат тарк накардани манзили истиқомати амалӣ карда мешавад", - омадааст дар иттилои манбаъ.
Гуфта мешавад, деҳқонон фурӯши меваю сабзавоти баҳориро дар назди хонаҳои баландошёна оғоз карданд. Дар Гӯшаҳои деҳқон сабзавоти барвақтӣ аз қабили пиёз, картошка, сабзӣ, шалғам, бодиринг, помидор, сирпиё, мевагиҳо, зардол, гелос ва қулфинай ба сокинон бо нархи дастрас пешниҳод карда мешавад.