ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Паёми шодбошӣ ва туҳфаҳои раиси вилояти Суғдро 55 оилаи барӯманд аз шаҳру навоҳии вилоят гирифтаанд, хабар дод котиботи раис.
Манбаъ афзуд, ки инчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати рӯзи байналмилалии Оила ба хабаргирии оилаи намунавии шаҳри Хуҷанд арбоби шинохтаи хизмати давлатӣ собиқадорони меҳнат Биҳоҷал Раҳимова ва Ҷӯрабой Негматов рафтаст.
Котиботи раиси Суғд мегӯяд, Биҳоҷал Раҳимова арбоби намоёни хизмати давлатӣ дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ садоқатмандона ба халқу Ватан хизмат намудааст.
“Хизматҳои шоёни Биҳоҷал Раҳимова бо мукофотҳои арзандаи ҳукумати қадрдонӣ гардида, бо унвони корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ордени нишони фахрӣ сарфароз карда шудаанд. Шавҳарашон Ҷӯрабой Негматов собиқадори соҳаи нақлиёт буда, 52 сол ҳамҷоя зиндагонӣ карда истодаанд. Соҳиби ду фарзанд 5 набера ва 3 абера ҳастанд”, - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилоят баён дошт, ки таҷрибаи оиладорӣ, меҳру муҳаббати самимӣ, тарбияи фарзанд ва зиндагиномаи намунавии ин ҷуфт барои оилаҳои ҷавон намунаи ибрат мебошад.