Ҳукумати Русия маводи нашршудаи ин ду маҷалларо ғаразнок ба берун аз ҳақиқат дониста, расман раддия талаб намудааст.
Сухангӯи вазорати корҳои хориҷӣ Мария Захарова ин иттиҳомотро ҳамлаи банақшагирифташудаи иттилоотӣ эълон кард.
Зимнан, Русияро барои пахши маълумоти бардурӯғ на танҳо матбуоти ғарб, балки мақомоти амрикоӣ низ шадидан маҳкум мекунанд.
Теъдоди гирифторони коронавирус дар Русия аз 200 ҳазор нафар гузашт
Мақомоти Амрико бар инанд, ки Русия дар робита ба омори сироятёфтагон ва алалхусус қурбониён маълумоти норушанро ироа мекунад.
Вале ҳукумати Русия мегӯяд, Амрико бо ин тарз нокомии худро дар мубориза бо COVID-19 пинҳон мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Иёлоти Муттаҳида, 1,4 миллион ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 85 ҳазор нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.