Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Русия афзоиши сирояти коронавирус қатъ шудааст

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузариш ба медиабонкБригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке
Бригада скорой медицинской помощи доставила пациента с подозрением на коронавирус в больницу в Коммунарке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анна Попова, роҳбари Роспотребнадзор ҳолати паҳншавии коронавирус дар Федедратсияи Русияро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Дар Русия афзоиши имконпазири сироятёбии нигоҳ дошта шуд, гуфт роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Россия 1”.

Медсестра выполняет ряд двигательных упражнений на пациенте с COVID-19 в больнице - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди гирифторони COVID -19 дар Русия ба 252 245 кас расид

Анна попова зимни мусоҳибааш гуфтааст, имкон пайдо кардаанд ки паҳншавии коронавирусро боз доран ва ин аст, ки муддати 11 рӯз афзоиши теъдоди гирифторон ба назар намерасад.

Қаблан Попова қайд кард, ки Роспотребнадзор тасмим гирифтааст, ки сатҳи сирояти коронавирусро ба 100 ҳазор аҳолӣ дуруст ҳисоб кунад, на ба шумораи умумии гирифторони ин беморӣ такя кунад.

Тибқи ҳисобҳои охирини ин ниҳод, нишондиҳандаи боло дар Русия ба сирояти коронавирус ба 100 ҳазор нафар 158,3 ҳолат мерасад.

Попова қайд кард, ки додаҳо имкон медиҳанд, кишварро ба даҳгонаи кишварҳои сироятёфта дар зинаи панҷум қарор дод.

Фавт дар Русия аз COVID -19 нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст

 Тибқи иттилои ситоди фаврӣ, дар давоми як шабонарӯзи охир дар Русия қариб 10 ҳазор ҳолати нави коронавирус ошкор шудааст.

 Шумораи умумии мубталоён ба зиёда аз 252,2 ҳазор нафар расид.

Тақрибан 2,3 ҳазор беморон қурбонии ин беморӣ шуданд. Қаблан муовини сарвазири ин кишвар Татяна Голикова изҳор кард, ки фавт аз коронавирус дар Русия ба ҳисоби миёна дар тамоми ҷаҳон 7,4 маротиба камтар аст.

Лентаи хабарҳо
0