Ӯзбекистон дороиҳои Гулнора Каримоваро дар ҳаҷми 10 миллион доллар баргардонидааст

© Sputnik / Валерий Левитин / Гузариш ба медиабонкГульнара Каримова, архивное фото
Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маблағи аз Фаронса баргардонидашуда аллакай ба буҷаи давлатии Ӯзбекистон интиқол ёфта ва дар маҷмӯъ истифодаи онро ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ӯзбекистон дороиҳои Гулнора Каримова, духтари собиқ президенти ин кишварро ба маблағи 10 миллион доллар аз Фаронса баргардонид, хабар додааст дафтари матбуотии Вазорати адлияи ин кишвар.

Гульнара Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Пулу моламро ба давлат мебахшам: мактуби Гулнора Каримова ба Шавкат Мирзиёев

Қайд карда мешавад, ки ин маблағ аллакай ба буҷаи давлатии Ӯзбекистон интиқол ёфта ва ба нақша гирифтааст, ки он ба таври умум истифода шавад.

"Бояд қайд кард, ки ҳама гуфтушунидҳо ва чораҳо оид ба баргардонидани дороиҳо дар сатҳи расмӣ, мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон ва ҳуқуқи байналмилалӣ сурат мегиранд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлия.

Ғайр аз он, департамент гуфт, ки Прокуратураи генералӣ ва Вазорати адлияи ҷумҳурӣ инчунин бо мақомоти салоҳиятдори дигар кишварҳо барои баргардонидани дороиҳои Гулнора Каримова ба маблағи зиёда аз 1,3 миллиард доллар бо роҳи ҷиноят ба даст омада кор бурда истодаанд.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Вазорати адлия, ин дороиҳо дигар дар ихтиёри Каримова ё аъзои оилаи ӯ нестанд, зеро онҳо аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори дигар кишварҳо мусодира карда шудаанд.

Ёдовар мешавем ахиран, додгоҳи шаҳри Тошканд, муҳлати ҳабси Гулнора Каримова, духтари собиқ раисиҷумҳури Ӯзбекистон, Ислом Каримовро ба 13 солу 4 моҳ боло бурд.

Гульнара Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Пулу моламро ба давлат мебахшам: мактуби Гулнора Каримова ба Шавкат Мирзиёев

Пеш аз содир шудани ҳукми иловагӣ ба Кармова ӯ авохири моҳи феврали соли ҷорӣ ба унвонии Шавкат Мирзиёев, президенти феълии Ӯзбекситон нома навишта, бар ивази сарваташ дархости озодӣ карда буд.

Гулнора Каримова дар номаи худ изҳор карда буд, ки ба ивази озодӣ, омода аст аз баҳри пулу дороиҳои хонаводааш гузарад. Матни мактуби Гулнора Каримоваро духтари ӯ Имон Каримова дар сафҳаи худ дар Instagram ҷой додааст.

Гулнора Каримова афзудаст, ки давоми чанд соле, ки дар зиндон ба сар мебарад, вазъи саломатии ӯ бад шуда ниёз ба ду ҷарроҳии фаврӣ дорад.

"Барои ҳифзи саломатии худ ва сарҷамъии хонаводаам, омода ҳастам аз баҳри даъвоҳо барои моликияти хонаводагиямон дар бонки Швейтсария гузарам ва 686 миллион долларе, ки дар ин бонк маҳфуз аст бидуни кашмакашҳои судӣ ба фоидаи давлат ихтисос диҳам", - гуфтааст Каримова.

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукми зиндони Гулнора Каримова бори дигар тамдид шуд

Ӯ аз рафти мурофиаҳои додгоҳӣ изҳори нигаронӣ намуда афзудаст, ки ҳамаи муроҷиатҳои ӯ сарфи назар мешаванд. Ба боварии Каримова, агар давлат ба пешниҳоди ӯ бархӯрди оқилона намояд, ҳатман бурд мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова ҳанӯз моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор дониста шуд ва 18 - уми декабри соли 2017 барои содир кардани боз як ҷинояти дигар ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Моҳи августи соли 2019 Додситони кул алайҳи духтари нахуст президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро дар сирқати маблағҳои давлатӣ ва бастани созишномаҳо бар хилофи манфиати кишвар айбдор донист.

Лентаи хабарҳо
0