Қарори Ҳукумат: соҳиби "саҳмияи тиллоӣ" дар "Роғун”, Талко, "Тоҷик Эйр" маълум шуд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат, феҳрасти ҷадиди корхонаҳоеро тасдиқ кардааст, ки дар онҳо ҳукумат аз ҳуқуқи махсуси “саҳмияи тиллоӣ” бархӯрдор аст

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Бар асоси қарори имзошуда, дар садри корхонаҳои саҳомие, ки Ҳукумат дар онҳо ҳуқуқи “саҳмияи тиллоӣ”-ро соҳиб аст, ҶСК “НБО Роғун” қарор дорад.

Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат Масҷиди бузурги Душанберо ба тавозуни Кумитаи меъморӣ гузаронд

Саҳмияи тиллоӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар идораи корхонаҳои саҳомӣ мақоми хос дошта бошад.

Ба феҳрасти корхонаҳои саҳомие, ки давлат дар идораашон “саҳмияи тиллоӣ” дорад, дар баробари НБО Роғун, инчунин “Сементи тоҷик”, “Тоҷиктрансгаз”, “Тоҷиктелеком”, "Телерадиоком",  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, Маркази барқу гармидиҳии Ёвон, Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар,  ширкатҳои “Тоҷик Эйр”, Талко ва шабакаҳои зерсохтори “Барқи тоҷик” шомил мебошанд.

Таҷдиди феҳраст дар ҳолест, ки қаблан Ҳукумати Тоҷикистон барои хусусигардонии амволи “Талко” ва “Роғун” иҷозат дода буд. Масъулин таъкид карда буданд, ки идораи ин корхонаҳо таҳти назорати давлат хоҳад монд.

Лентаи хабарҳо
0