Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Раҳимзода карантинро зиёновар хонд: дар 2 моҳ 16 миллиард сомонӣ зарар мерасид

© Sputnik / Амир ИсаевШариф Рахимзода. Архивное фото
Шариф Рахимзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шариф Раҳимзода, собиқ вакил ва вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон мегӯяд, агар ба далели коронавирус дар кишвар ду моҳ ҳама соҳаҳо баста мешуданду мардум кор намекарданд, ба иқтисод беш аз 16 миллиард сомонӣ зарар мерасид

ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Раҳимзода, ки феълан роҳбарии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба уҳда дорад, изҳор дошт, ки таъсири коронавирус ба соҳаҳои хизматрасонӣ бештар эҳсос мешавад.

Похороны жертвы коронавируса в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон
Аз шустану кафан то ҷанозаю дар қабргузории фавтида аз COVID-19: эълони Кумитаи дин

“Аз ҷумла, ба соҳаи нақлиёти ҳавоӣ,  зеро чандест ҳавопаймоҳои мо парвоз надоранд ва ин соҳа аз даромад мондааст. Соҳаи мазкур бо чандин соҳаҳои дигари хизматрасонӣ, ба монанди марказҳои фурӯши чиптаҳо, ширкатҳои таъминкунандаи нақлиёти ҳавоӣ бо сӯзишворӣ ва хӯрокӣ пайваст мебошад ва  дар ин асос садҳо нафар ҷойи кори худро аллакай аз даст додаанд. Соҳаи нақлиёти рӯйизаминӣ  низ тақрибан бе кор мондааст. Бо қатъ шудани фаъолияти бозорҳои фурӯши либос шояд даҳҳо ҳазор одамон бекоранд”, - изҳор доштаст Раҳимзода дар суҳбат бо “Ховар”.

Ӯ мисол овардааст, ки танҳо дар бозору марказҳои савдои  шаҳри Душанбе  зиёда аз 76 ҳазор нафар кор мекунанд, ки ҳоло қисме аз онҳо муваққатан бекоранд.

Пробирка с тестом на коронавирус - Sputnik Тоҷикистон
7 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 дар Ӯзбекистон: cе мариз аз Тоҷикистон ворид шуданд

Шариф Раҳимзода таъкид кардааст, ки агар ду моҳ ҳамаи соҳаҳоро мебастем ва намегузоштем, ки мардум кор кунанд, тақрибан 16 млрд. сомонӣ ба иқтисодиёти давлат зарар мерасид.

“Ин дар ҳолест, ки тибқи нақша соли 2020 бояд маҷмӯи маҳсулоти дохилии мо ба сатҳи 87 млрд. сомонӣ мерасид. Яъне агар мо аз нимаи моҳи апрел то  нимаи моҳи июн карантин ҷорӣ мекардем, пас наметавонистем он маҳсулоти кишоварзиеро, ки имрӯз дар бозорҳои мо фаровонанд,  ба даст орем. Албатта, имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу баррасиҳо хеле зиёд аст, ки чаро мо сари вақт карантин эълон накардем ва нагузоштем, ки иҷборан мардум дар хона бимонанд”, - илова намуд Раҳимзода.

Карантин в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Тамдиди қарантин дар Ӯзбекистон бо иловаи чанд имтиёз барои шаҳрвандон

Ӯ аз таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зикр намудаст, ки одамонро дар хонаҳо маҳкам карда намешавад, чунки одамон бояд кор кунанд, наметавонанд бе даромад зиндагӣ кунанд,  қисми зиёди ҷомеа онҳоеянд, ки ҳар рӯз як маблағи муайян ба даст меоранд ва харҷи рӯзгорашон аз кори рӯзмарраашон вобастагӣ дорад.

Раҳимзода далел овардааст, новобаста ба он, ки пандемия дар Федератсияи Русия хуруҷ дорад, онҳо маҷбур шуданд, ки иҷозат диҳанд, то мардум бо риояи қоидаҳои муайяни муҳофизатӣ ба кор бароянд.

“Дар кишварҳои дигари Аврупою Амрико низ ба чунин хулоса расиданд. Мамлакати Шветсия умуман карантин эълон накард. Бинобар ин мо бояд ба воҳима дода нашавем ва дар он ҷойе, ки имкон аст, бо дарназардошти таъмини бехатарии он намуди  фаъолият  корро идома диҳем, истеҳсол кунем ва тавонем зиндагии худро дар сатҳи муайян таъмин намоем” – зарур хондаст Шариф Раҳимзода.

Лентаи хабарҳо
0